Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи фаъолиятҳои сиёсии Навоз Шариф лағв шуд


Додгоҳи Олии Покистон имрӯз ҳукми онро, ки барои раҳбари мухолифон Навоз Шариф ва бародари ӯ кор дар идораи давлатӣ ва ширкат дар интихобот манъ аст, бекор кард. Додгоҳ ҳокимияти вилоятиро дар Панҷоб барқарор кард, аммо эҳтимоли баррасии минбаъдаи имкониятҳои ҳуқуқии Шарифро аз байн набурд ва фақат ба маънии як сабукии муваққатист. Моҳи феврал ҳамин додгоҳ Шариф ва бародари ӯ Шабҳозро аз имконияти кори идорӣ ва ширкат дар интихобот маҳрум карда буд. Ҳукми нав танҳо пас аз бозгардони раиси Додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Муҳаммад Чоудрӣ зимни тазоҳуроти густардаи мухолифон имконпазир гардид.
XS
SM
MD
LG