Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз оштӣ бо толибони мӯътадил ҳимоят кард


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, дар конфаронси байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон дар шаҳри Гаагаи Нидерланд гуфт, ба толибоне, ки тундгароиро рад мекунанд, бояд "оштии шарафмандонае" тақдим гардад.

Вай гуфт: "Мо ҳамчунин бояд аз талошҳои давлати Афғонистон ба ҷудо кардани тундравони Ал-Қоида ва Толибон аз онҳое, ки ба сафи эшон на аз рӯи ақида, балки ночорӣ пайвастаанд, ҳимоят кунем. Ин аслан ба аксарияти толибон рабт мегирад. Агар онҳо хушунатро канор гузоранд ва бо Ал-Қоида бибуранд ва аз қонуни асосӣ ҳимоят кунанд, барояшон бояд шакли шарафмандонаи сулҳ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа пешниҳод шавад."

Хонуми Клинтон ҷузъиёти стратегияи нави Амрикоро эълон кард, ки муносибати бештар минтақаӣ ба низоъро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG