Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай нақши ҳамсоягони Афғонистонро калидӣ номид


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, дар конфаронси байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон дар шаҳри Гаагаи Нидерланд гуфт, кишвараш барои ҳалли мушкили терроризм ба "ҳамкории ҳақиқи"-и ҳамсоягонаш ниёз дорад. Карзай ҳамчунин аз стратегияи нави Иёлоти Муттаҳида дар расидагӣ ба амнияти минтақа истиқбол кард.

Вай гуфт: "Мо, ҳама, аз қатъияти нави Иёлоти Муттаҳида таҳти сарварии президент Барак Обама рӯҳбаландем ва умедворем, ки Иёлоти Муттаҳида бори дигар талошҳои ҳалли мушкилотеро, ки мо рӯбарӯем, раҳбарӣ хоҳад кард. Ман инчунин мӯътақидам, ки пешгомии президент Обама ба ҳадди аксар аз тарафи минтақа ва ҳампаймонҳои мо дар Аврупо ва ҷойҳои дигар ҳамовозӣ пайдо хоҳад кард."

Наздик ба 700 намоянда аз 80 давлат дар ин ҳамоиш ширкат доранд. Фиристодаи Эрон, ноиби вазири умури хориҷии ин кишвар, Муҳаммадмаҳдӣ Охунзода гуфт, кишвараш омодааст, дар талошҳои байнулмилали бозсозии Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир саҳм бигирад, аммо афзоиши нерӯҳои хориҷиро дар Афғонистон камсамар мешуморад. Президенти Амрико Барак Обама нақша дорад, ба Афғонистон 21 ҳазор сарбози дигар фиристад.
XS
SM
MD
LG