Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии гумонбарони ҳамла ба мактаби полиси Покистон


Мақомоти покистонӣ чаҳор нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Афғонистонро бозпурсӣ мекунанд, ки бо гумони ҳамла ба Академияи полиси Покистон дар Лоҳур боздошт шудаанд. Бар асари ин ҳамла 12 нафар -- ҳашт донишҷӯи Академияи полис ва чаҳор ситезаҷӯ кушта шуданд. Рӯзи душанбе гурӯҳи мусаллаҳе ба таълимгоҳи полис ҳамла кард ва даргирӣ бо он наздик ба ҳашт соат идома ёфт. Ба сурати умум дар ин ҳодиса қариб 90 афсари полис захмӣ шудаанд. Ба камияш се ҳамлавар худро мунфаҷир кардаанд. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, онҳо дар пайи далелҳои рабт доштани ҳамлаварон бо гурӯҳи Толибонанд.
XS
SM
MD
LG