Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо нахустин сафар раҳсипори Аврупост


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз қарор аст, ба аввалин сафари дур ва дарозмуддати хориҷияш шурӯъ кунад. Вай нахустин бор аз фарози уқёнуси Атлас гузашта, аз панҷ кишвар боздид мекунад ва сафараш 8 рӯз идома меёбад. Ин сафар нахустин озмуни Обама дар раҳбарии ҷаҳонии ӯ шумурда мешавад. Вай аввал дар нишасти 20 кишвари пешрафта ва рушдкунанда дар Лондон ширкат карда, дар ҳамин ҷо бо раҳбарони Русия ва Чин мулоқот мекунад. Сипас дар ҷашни 60-солагии НАТО, ки дар Фаронса ва Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Рӯзи 5-уми апрел, Обама дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ки ҳоло раёсати давраии Иттиҳоди Аврупоро дар даст дорад, бо сарони иттиҳод мулоқот мекунад. Ду рӯзи охирини сафари аврупоии Обама дар Туркия хоҳад гузашт.
XS
SM
MD
LG