Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи шатранҷбозони ҷавони тоҷик


Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 70 нафар шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола ширкат доранд. Мусобиқа байни писарону духтарон мувофиқи синнашон дар 6 гурӯҳ сурат гирифтааст.

Довари ин мусобиқа Неъмат Зиёев ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беҳтарин шатранҷбозони ҷавони тоҷик, ба мисли Темур Гадоев, Беҳрӯзи Сайвалӣ, Марворид Насриддинова, Асила Мӯҳтоҷзода, Меҳрангез Раҳматова, Сайлонбии Баҳодур ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ғолибони сабқати ҷумҳуриявӣ, ки то рӯзи 4-уми апрел идома меёбад, дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти байнулмилалӣ ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG