Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии сафирони Осиёи Марказӣ дар СММ


Сафирони 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар робита ба орӣ аз силоҳи ҳастаӣ эълон шудани минтақа дар қароргоҳи СММ як нишасти хабарӣ баргузор карданд.

Дар ин нишаст сафирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гуфтаанд, ки шурӯъ аз 21 марти соли ҷорӣ созиш дар бораи минтақаи вораста аз силоҳи ҳастаӣ эълон шудани Осиёи Марказӣ ба ҳукми қонун ворид шудааст.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ намояндаи Қирғизистон дар СММ Нурбек Ҷеенбаев гуфт, ки бо ин амалкард кишварҳои минтақа дар қатъи сабқати дарёфти силоҳи ҳастаи саҳми муҳим гузоштанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, “сабқати мусаллаҳшавӣ бояд қатъ шавад. Рақобати ҳастаӣ бояд аз байн бурда шавад. Барои ин ҳам ташкили минтақаи вораста аз силоҳи ҳастаӣ ин саҳми бевоситаи панҷ кишвари мо ба он равандҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавӣ ва халъи силоҳи ҳастаиест, ки дар чаҳорчуби фаъолиятҳои СММ ва кишварҳои дорои ин силоҳ ҷараён дорад ва ин ибтикорҳо ба ҳама хуб маълуманд”.

Бергеним Айтимова, сафири Қазоқистон дар СММ, низ дар сӯҳбат бо мо изҳор намуд, эълони минтақаи вораста аз силоҳи ҳастаӣ як амали ҷадид ва ҳаминрӯза нест ва гуфтушунидҳо перомуни ин мавзӯъ ҳанӯз соли 1993 оғоз шуда буданд.
Хонум Айтимова афзуд, “дар амал ин маънои онро дорад, ки бо қабули ин созишнома кишварҳои минтақа аз кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ тазмини амниятиро талаб мекунанд ва ба ин васила аз худ дифоъ мекунанд. Яъне тасвиби қарордод дар бораи минтақаи вораста аз силоҳи ҳастаӣ эълон шудани Осиёи Марказӣ ин ба навъе дифои мо мебошад.”

Сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷидин Аслов гуфт, “21-уми март мо эълон намудем, ки панҷ кишвари минтақа расман созишнома дар бораи эълон кардани Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи озод аз силоҳи ҳастаи ба тасвиб расонданд. Имрӯз сафирони ин кишварҳо дар СММ дар ин бора ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расман гузориш доданд. Дар асосӣ протоколи вазирони хориҷаи ин панҷ кишвар аз 8-уми сентябри соли 2006, ки гомҳои ояндаи созишномаро муайян карда буданд, нахустин ҷаласаи машваратии ин қарордод бояд на дертар аз ду моҳ баъд аз тасвиби расмиаш дар шаҳри Душанбе барпо гардад”.

Сироҷиддин Аслов ба мо ҳамчунин гуфт, ки айни замон ҷониби Тоҷикистон ба даъвати ин маҷлис омодагӣ мегирад. Қарор аст, дар ин ҳамоиш ба ҷуз аз ҳайатҳои расмии панҷ кишвари минтақа муовини дабири кулли СММ, раҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда, намояндагони оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаии СММ ва дигарон ширкат варзанд.

Аз ин пеш дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба ҳукми қонун ворид шудани созишномаро ба ҳамаи панҷ кишвар табрик гуфта, таъкид карда буд, ки Осиёи Марказӣ нахустин минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар нимкураи шарқӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG