Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозот барои куштори ироқиҳо


Додгоҳи низомии амрикоӣ дар Олмон сержант Ҷозеф Мэйоро барои 35 сол равонаи зиндон кард. Сарбози амрикоӣ дар куштори барқасдонаи чаҳор ироқӣ дар соли 2007-ум муттаҳам шуд. Мэйо ва ду низомии дигари амрикоӣ дар он айбдор мешуданд, ки баъд аз як ҳамлаи ошубгарон ба низомиёни амрикоӣ онҳо ба сари асирони ироқӣ тир андохтанд. Дар он ҳамла ду низомии амрикоӣ кушта шуда буданд.
Ҷозеф Мэйо дуввумин низомии амрикоист, ки барои ҷиноёт дар Ироқ маҳкум ба зиндон мешавад. Моҳи феврал сержант Майкл Лихи барои куштори як ироқӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG