Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулим Ямадаев зинда аст?


Фармондеҳи пешини баталёни “Шарқ”-и Чеченистон, Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев шояд дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба хок супурда шавад. Ба иттилоъи пайвандони Ямадаев, фармондеҳи собиқ, ки рӯзи шанбеи гузашта ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд, рӯзи душанбе дар як бемористони Дубай аз олам даргузашт. Ҳалокати Ямадаевро консулгарии Русия дар Дубай низ тайид кард.
Ва аммо дар ҳамин ҳол бархе хабаргузориҳо бо такя ба табибон дар Дубай хабар доданд, ки Сулим Ямадаев зинда ва аммо вазъаш сангин аст.
Моҳи августи соли гузашта Сулим Ямадаев баъд аз низоъ бо раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров аз мақоми фармондеҳи баталёни “Шарқ” барканор шуд ва баъдан ҷумҳуриро тарк намуд. Моҳи сентябри соли гузашта дар маркази Маскав бародари ӯ, собиқ вакили Думаи давлатӣ Руслан Ямадаев аз тири афроди номаълум кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG