Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба ду корхонаи мошинсозӣ ваъдаи кумак кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама изҳор намуд, ки ду корхонаи бузурги мошинбарории кишвар барои дарёфти кумаки иловагии ҳукумат як шонси дигар доранд. Ҷенерал Моторс ва Крайслер барои дарёфти ин қарз бояд бо иттиҳодияҳои коргарӣ ва қарздиҳандагон ба тавофуқ бирасанд, ки онҳо нархи хидматашонро коҳиш диҳанд.
Обама гуфт, ки ба ширкатҳои Крайслер ва Ҷенерал Моторс барои амалӣ кардани ин пешниҳод 60 рӯз вақт доранд. Ба хотири таъмини барномаи ислоҳот раиси ширкати Ҷенерал Моторс Ричард Вагнер ба истеъфо рафт. Ҳамзамон Барак Обама изҳор намуд, ӯ мухолифи ба таври доимӣ таҳти идораи ҳукумат боқӣ мондани ин ширкатҳост.
XS
SM
MD
LG