Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти Афғонистон дар Ҳейг баррасӣ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Ҳейг ваё Гаагаи Ҳуланд конфаронс оид ба таъмини амният ва субот дар Афғонистон баргузор мешавад. Дар ин нишаст ҳайатҳои беш аз 80 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Қабл аз нишаст Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, эълом дошт, ки ягон мулоқоти ӯ бо ҳайати Эрон дар ин нишаст тарҳрезӣ нашудааст ва аммо умедвор аст, ки Эрон дар роҳи таъмини субот дар Афғонистон пешниҳодҳои созанда ироа хоҳад кард.
Ба ҳайати Эрон дар ин нишаст муовини вазири умури хориҷа Муҳаммад Меҳдӣ Охунзода сарварӣ мекунад. Дар арафаи конфаронси Ҳейг ӯ ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, ки аз нигоҳи Теҳрон, низомиёни байнулмилалӣ барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон қодир нестанд.
XS
SM
MD
LG