Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба Лоҳур мушаххас шуд


Мақомоти Покистон арқоми дақиқи теъдоди қурбониёну маҷрӯҳон бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Академияи полис дар шаҳри Лоҳурро эълон карданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса 14 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди полис ва чаҳор тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд. Тақрибан сад тан аз муҳассилини Академия, кормандони полис ва мардуми осоишта маҷрӯҳ шуданд. Нерӯҳои амниятии Покистон назорат ба бинои Академияи полис дар Лоҳурро бегаҳи дирӯз дубора ба даст гирифтанд. Даргирӣ бо ситезаҷӯён беш аз 8 соат идома дошт.
Мақомоти Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯши як гурӯҳи ҷонибдорони ҷунбиши “Толибон” гузоштанд, ки ба он фармондеҳ Байтулло Мақсуд раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG