Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи ИМА аз тасмими Додгоҳи Олии Афғонистон


Иёлоти Муттаҳида аз тасмими Додгоҳи Олии Афғонистон барои тамдиди ваколати раисиҷумҳур Ҳомид Карзай истиқбол кард. Дирӯз Додгоҳи Олии Афғонистон дар бораи то интихоботи нави раёсатҷумҳур дар моҳи август тамдид кардани ваколати сарвари кишвар тасмим гирифт. Ёдовар мешавем, ваколати Карзай дар маснади раисиҷумҳури Афғонистон 21 май хатм мешавад.
Намояндаи вазорати хориҷаи ИМА тасмими Додгоҳи Олии Афғонистонро барои таъмини суботи кишвар “ҳаётан муҳим” номид. Аз ин пеш Эътилофи мухолифи ҳукумат “Ҷабҳаи миллӣ” қарори Додгоҳи Олиро ғайри қобили қабул хонда ва эълом дошт, ки шояд алайҳи ин тасмим намоишҳои эътирозии оммавӣ созмон диҳад.
XS
SM
MD
LG