Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боинг ба Хоруғ меравад


Навсозии фурудгоҳи Хоруғ шурӯъ шуд. Сардори фурудгоҳи Хоруғ Дилдорбек Мақсудшоев изҳор дошт, ки навсозӣ дар доираи лоиҳаи мутобиқ сохтани фурудгоҳ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом мешавад. Вай гуфт, нахуст қароргоҳ барои чархболҳо ва тайёраҳо сохта шуда, дарозии пайроҳа барои нишаст ва парвози тайёраҳо, ки алҳол наздик ба ду километрро ташкил медиҳад ба андозаи 800 метри дигар дароз мешавад. Сардори фурудгоҳ афзуд, ҳамчунин, бари фурудгоҳ аз ҳисоби рудхонаи Панҷ бо роҳи сохтани сарбанд ва танг сохтани маҷрои он васеъ мегардад.

Ба гуфтаи Дилдорбек Мақсудшоев, алҳол, фурудгоҳи Хоруғ фақат тайёраҳои хурдро қабул карда метавонад, аммо пас аз таҷдид кулли намуди тайёраҳо, ки ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дар ихтиёр доранд, ба шумули тайёраи мусофирбари «Боинг» метавонанд дар ин ҷо фуруд оянд. Вай афзуд, алҳол фурудгоҳ танҳо тайёраҳоеро қабул мекунад, ки то 24 тонна вазн доранд, аммо барои фуруд омадани тайёраҳои то 100 тонна шароит фароҳам мешавад.

Сардори фурудгоҳ изҳор дошт, таи як сол фурудгоҳ ба зиёда аз 22 ҳазор нафар мусофирон хизмат мерасонад, аммо пас аз таҷдид имконияти хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт. Вай баён дошт, навсозии фурудгоҳ барои боз шудани хатсайрҳои нав, аз ҷумла, бо мамолики ҳамҷавор шароит фароҳам месозад.

Навсозии фурудгоҳи Хоруғро Ташкилоти Оғохон оид ба рушд маблағгузорӣ мекунад. Ба гуфтаи намояндаи сохтмонии ташкилот дар Хоруғ, Ҳофиз Мирзонаботов, танҳо барои иҷрои корҳои заминӣ 130 ҳазор доллар ихтисос дода шуда, қарор аст, навсозӣ дар тули ду соли оянда анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG