Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар СММ


Имрӯз қарор аст, дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид, дар Ню Йорк, 5 кишвар, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар робита ба минтақаи холӣ аз силоҳи ҳастаӣ эълон шудани Осиёи Марказӣ як ҷаласаи муштарак барпо кунанд. Намояндагони доимии ин кишварҳо дар Созмони Милал дар бораи иҷрои қарордоди соли 2003, ки аз 21-уми марти имсол давраи амалаш оғоз ёфт, гузориш хоҳанд дод. Дар арафаи он рӯз Дабири кулли СММ, Бан Ки-мун ифтитоҳи созишномаро ба ҳамаи 5 давлат табрик гуфта, таъкид карда буд, ки Осиёи Марказӣ нахустин минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар нимкураи шарқист.
XS
SM
MD
LG