Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазири фарҳанг бо сардабирон


Дар меҳвари мизи гирди вазири фарҳанг М. Асрорӣ ва мушовири давлатии раисҷумҳур С. Фаттоев дар умури иҷтимоӣ бо сардабирони расонаҳо бозтоби қонуни озодии эътиқод ва вокунишҳо ба ин қонун қарор доштааст.

Мақомоти давлатӣ ба гунае аз бозтоби ин қонун ва нашри вокунишҳо ба он дар расонаҳо изҳори нороҳатӣ ва нигаронӣ доранд. Ба гуфтаи масъулин, расонаҳо дар аксар маврид он чиро инъикос карда ва ё ба он вокуниш нишон додаанд, ки манзури мақомоти давлатӣ набудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи масъулин, шарҳу тафсири нодуруст ва бардоштҳои хато аз қонуни қабулшуда дар расонаҳо нашр шудааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки масъулини расонаҳо мегӯянд, дар бозтоби қонуни озодии эътиқод танҳо ба рисолати худ амал карда ва расонаҳо он чиро мунъакис кардаанд, ки дар ҷомеа ҷой доштааст.

Аммо ба гуфтаи мақомот ва масъулини расонаҳо, ҳадафи ин мулоқот танҳо қонуни озодии эътиқод набуда, ки кайҳо қабул шудааст, балки дар маҷмӯъ густариши ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва мақомоти зирабти давлат дар оянда низ мебошад. Ва ҷалби таваҷҷуҳи масъулини расонаҳо ва ҳимоят ба манофеъи давлат дар баҳсҳо ва музокироти байнулмилалӣ низ аз ин аҳдоф арзёбӣ мешавад. Зарфи як моҳи охир бори дуввум аст, ки вазири фарҳанг ва мушовири давлатии раисиҷумҳур мулоқотҳои хосе бо сардабирон ва масъулини расонаҳо доир мекунанд.

Сардабирони расонаҳо мегӯянд, нишастҳои рӯбарӯ бо мақомот ба манзури эътимодсозӣ бидуни шак муҳим аст, аммо аз сӯи дигар набояд хориҷ аз талаботи қонун ва меъёр бошад, зеро қонунгузорӣ муносиботи давлат ва расонаҳоро танзим кардааст.

Дар ҳар сурат, коршиносон фурукаш кардани баҳсу гуфтугузор дар мавриди қонуни нави озодии эътиқодро бо вуҷуди дархост ва ё таъкиди вазиру мушовири давлатӣ низ баъид медонанд. Зеро барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон эътиқод ҳамчунон эҳсосбарангезтарин мавзӯъ аст. Ва он ҳам дар ҳоле, ки эътиқодмандон то кунун маҳдуд шудани озодиҳои худ дар амри иҷрои ин қонунро эҳсос накардаанд.
XS
SM
MD
LG