Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносоии ҷасади собиқ раиси дастгоҳи президенти қирғиз


Додситонҳои Қирғизистон мегӯянд, аз рӯи таҳқиқи ДНК ё таркиби бофтаи ҳуҷайравӣ ҷасади собиқ раиси дастгоҳи президенти ин кишварро шиносӣ кардаанд. Нахустин тасдиқи марги Мадад Садирқулов пас аз озмоише садо дод, ки колбадшикофони Русия анҷом доданд. Додситонии кулли Қирғизистон низ изҳорот дод, ки Садирқулов якҷо бо ду нафари дигар дар садамаи рӯзи 13-уми март ба ҳалокат расидааст. Мухолифони давлат мегӯянд, ҳалокати Садирқулов тавтеае мебошад, зеро номбурда, ки дар моҳи январ аз мақомаш истеъфо дод, ахиран мехост, ба мухолифон бипайванданд.
XS
SM
MD
LG