Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Зарнисор" дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии кишвар


Раҳбарони бозори басташудаи «Зарнисор» ва ҳудуди 20 тан аз тоҷирони ин бозор сарнавишти ояндаи худро бо намояндагони дастгоҳи президенти баҳс карданд. Бозори «Зарнисор» - ягона бозори калон дар минтақаи ғарбии шаҳри Душанбе шаш моҳ пеш бе ҳеҷ гуна огоҳӣ ва шарҳи сабаб аз сӯи мақомоти шаҳрдорӣ баста шуд ва ҳудуди 500 соҳибкор, ки дар ин бозор фаъолият мекарданд, бекор монданд. Аз он ки онҳо дар ягон идораи давлатӣ ба пурсишҳои худ посух наёфтанд, маҷбур гаштанд ва дастгоҳи раёсатҷумҳурии ТОҷикистон муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG