Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Судон хостори пуштибонии ҷаҳони араб шуд


Раисиҷумҳури Судон, Умар ал-Башир, аз сарони мамолики араб даъват кард, дар ҳимоят аз ӯ ва ба муқобили Додгоҳи байнулмилалӣ, ки ба боздошти Башир дастур додааст, қатъномаи рӯшан ба тасвиб расонанд. Додгоҳи байнулмилалӣ Баширро масъули ҷиноятҳои ҷангӣ дар Дорфур медонад. Дар посух ба ин ҳукм Башир созмонҳои имдодрасонро аз Судон хориҷ кард. Ҳангоми суханронияш дар нишасти сарони Лигаи кишварҳои араб дар Қатар Башир гуфт, "меъёрҳои дугона метавонанд, терроризмро ба вуҷуд оранд." Раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад низ ба ҳамин маънё паём дод ва гуфт, ҳаводиси атрофи Судон талоши дигаре ба тазъифи арабҳо ва ҷудоии Судон аст. Дабири кулли СММ, Бан Ки-мун дар ин нишаст гуфт, ҳукумати Судон бояд тасмими берунронии созмонҳои хайрияро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG