Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама мегӯяд, ба Покистон нерӯ нахоҳад фиристод


Президенти Барак Обама, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида сарварони Ал-Қоидаро баъд аз машварат бо мақомоти покистонӣ дар Покистон низ таъқиб хоҳад кард. Дар мусоҳиба бо барномаи телевизионии Амрико, "Рӯбарӯ бо миллат", Обама аммо гуфт, Иёлоти Муттаҳида истиқлолияти Покистонро эҳтиром мекунад ва мақсад надорад, дар дохили ин кишвар нерӯҳои худро мустақар кунад. Обама афзуд, Амрико бояд масъулияти бештари мақомоти покистониро дар муборизаи зидди Ал-Қоида ва Толибон дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон шоҳид шавад.
XS
SM
MD
LG