Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳамла ба Академияи полис дар Покистон


Яке аз афсарони полис, ки дар ин ҳодисаи ҳамлаи ситезаҷӯён ба Академияи полис дар канораи шаҳри Лоҳури Покистон захмӣ шудааст, ба телевизиони Покистон дар бораи ҳодиса чунин гуфт: "Тақрибан соати ҳафтуними саҳар буд ва мо дар сафкашии умумии бомдодӣ будем, ки террористон аз девори паҳлу ба ҳавлӣ ҷаҳида, аввал норинҷакҳои дастӣ партофтанд. Чаҳор ё панҷ таркиш шуд ва сипас онҳо тирандозиро сар карданд. Ин як саҳнаи дӯзах буд, ҳама ба ҳар сӯ мегурехт. Ман яке аз чаҳор нафаре будам, ки наҷот ёфтем ва афроде аз созмони маҳаллии хайрия моро берун кашида, ба мо кӯмаки аввалия расонданд ва ин ҷо оварданд."
XS
SM
MD
LG