Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози саммити кишварҳои араб бо ширкати раҳбари Судон


Дар Қатар имрӯз бо ширкати раисиҷумҳури Судон, Умар ал-Башир, нишасти сарони Лигаи кишварҳои араб ифтитоҳ ёфт. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи байнулмилалӣ ба боздошти Башир дастур додааст. Башир бо мақсади нодида гирифтани ин ҳукм ба Қатар сафар кард. Дар ин байн, созмонҳои ҳуқуқи башари Ховари Миёна аз давлатҳои араб хостаанд, аз мақомоти Судон, ки дар ҷиноятҳои ҷангии Дорфур даст доранд, ҳимоят накунанд. Қаблан Шӯрои Уламои Судон Баширро ҳушдор дода буд, ки ба хориҷ аз кишвар сафар накунад.
XS
SM
MD
LG