Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифат ба тамдиди мӯҳлати раёсати Карзай


Эътилофи асосии мухолифони Афғонистон қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи тамдиди мӯҳлати раёсатҷумҳурии Ҳомид Карзайро то интихоботи моҳи август "ғайри қобили қабул" номид. Сайид Оқо Фозил Санчаракӣ, сухангӯи Ҷабҳаи миллӣ -- эътилофи чанд гурӯҳи мухолифи давлат гуфт, дар рӯзҳои оянда ба муқобили ин тасмим тазоҳуроти оммавӣ баргузор хоҳад шуд. Додгоҳ рӯзи якшанбе гуфт, Карзай бояд пас аз поёни мӯҳлати қонунии раёсатҷумҳурияш дар моҳи май ва то расми савганди президенти оянда дар сари қудрат боқӣ бимонад. Қарори Додгоҳи Олии Афғонистон ба баҳси ин ки дар се моҳи то интихобот кӣ бояд кишварро идора кунад, хотима гузошт. Интизор меравад, Карзай дар интихоботи президентии 20-уми август ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG