Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони нави гуштии самбои Осиёи Марказӣ


Мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Хуҷанд 29-уми март ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар сабқати минтақавӣ, ки барои бори аввал дар кишвари мо баргузор шуд, 115 варзишгар (82 мард ва 33 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат карданд. Мусобиқа дар навъҳои самбои варзишӣ ва самбои низомӣ ё муҳорибаи тан ба тан сурат гирифт. Шарафи варзиши Тоҷикистонро 17 нафар мардон ва 7 нафар занон ҳимоя карданд».

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, дастаи Тоҷикистон дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон ғолиб шуд. Дастаи Узбакистон дар мақоми дуюм ва дастаи Қазоқистон дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик - Акмолиддин Каримов дар вазни то 52 кг, Наҷибулло Ҳабибуллоев (57 кг), Хушбахт Назаров (62 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг), Пӯлодҷон Солеҳов (90 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар се вазни дигар меҳмонон – Элмурод Абраев (Узбакистон, 68 кг), Сардор Шавриков (Узбакистон, 82 кг) ва Айдос Кинисбоев (Қазоқистон) – пирӯз шуданд.

Дар сабқати самбои низомӣ дастаҳои Узбакистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои дуюм ва Тоҷикистон ҷои сеюмро азони худ карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ чаҳор паҳлавони Узбакистон – Озод Пардаев (68 кг), Элдор Ғуломов (90 кг), Зариф Расулов (100 кг) ва Музаффар Ёрматов (беш аз 100 кг) – медалҳои тилло ба даст оварданд. Ду гуштигири тоҷик - Бахтиёр Тулеев (57 кг) ва Фаридуншоҳ Устопиров (82 кг) -, ду паҳлавони қирғиз - Илёсбек Қаробоев (52 кг) ва Арабай Ӯғлӣ (74 кг) - , инчунин намояндаи Қазоқистон Маъқулбек Алифбеков (62 кг) бо медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гаштанд.

Дар сабқати самбои варзишӣ байни занон дастаҳои Узбакистон дар ҷои аввал, Қирғизистон дар ҷои дуюм ва Тоҷикистон дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ шаш нафар бонувони гуштигири Узбакистон – Дилафрӯз Абдураҳимова (48 кг), Ӯғулой Рӯзиматова (56 кг), Муқаддам Каримшакова (60 кг), Гулмира Исматова (68 кг), Соҳиба Эштемурова (72 кг) ва Обида Аладӯстова (беш аз 80 кг) – пирӯзӣ ба даст оварданд. Ду варзишгари Қирғизистон – Ойдина Кашаева (52 кг) ва Элзад Абилшан (80 кг) - , инчунин, намояндаи Қазоқистон Раиса Байлиева (64 кг) бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Бонувони тоҷик 4 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Нигора Алиматова (48 кг), Саида Дадаҷонова (52 кг), Муҳаббат Нодирматова (60 кг) ва Дилбар Султонова (68 кг) ҷойҳои дуюм, Фирӯза Ҳомидова (64 кг), Мавлуда Комилова (72 кг) ва Мадина Шамсиева (80 кг) ҷойҳои сеюмро гирифтанд.
XS
SM
MD
LG