Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мушаки Кореяи Шимолиро нобуд нахоҳад кард


ИМА қасди нобудсозии мушаки дурпарвози Кореяи Шимолиро надорад. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Fox дар ин бора хабар дод ва афзуд, ӯ ба тавонмандии Кореяи Шимолӣ барои сохтани мушаке, ки соҳилҳои ғарбии Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф қарор диҳад, эътимод надорад. Ҳамзамон ӯ изҳор намуд, ки сохтани ин гуна мушак - аз ҳадафҳои дури Пхенян аст. Чанд рӯз қабл мақомоти Кореяи Шимолӣ эълом доштанд, ки дар рӯзҳои аз 4 то 8 апрел маҳвораи худро ба фазо партоб мекунанд. Ва аммо кишварҳои минтақа мутмаинанд, ки ҳадафи Пхенян – санҷиши мушаки дурпарвоз аст.
Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА тасмими Кореяи Шимолиро чун “дасиса” арзёбӣ кард ва гуфт, ки агар Кореяи Шимолӣ аз нақшаи худ даст набардорад, ИМА ин мавзӯъро барои баррасӣ дар СММ пешниҳод хоҳад кард.
Аз ин пеш Кореяи Шимолӣ ба ИМА ва Ҷопон ҳушдор дода буд, ки аз ҳама талошҳои дахолат ба нақшаи ба фазо партоб кардани маҳвора аз сӯи ин кишвар даст бардоранд.
XS
SM
MD
LG