Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба осоишгоҳи пиронсолон дар Каролинаи Шимолӣ


Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона ба осоишгоҳи пиронсолон дар аёлати Каролинаи Шимолии ИМА дасти кам 6 нафар кушта ва панҷ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, марди ношинос ба ин осоишгоҳ дар шаҳраки Карфаген ворид шуда, сӯи маскунон оташ кушод. Дар ин хонаи пиронсолон тақрибан 90 нафар, асосан, афроди солхурдаи мариз ба сар мебаранд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, миёни маҷрӯҳон як корманди полис низ ҳаст. Раиси полиси шаҳр Крис Маккензӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки фарди мусаллаҳ низ ҷароҳат бардошта, аз сӯи мақомоти ҳифзи тартибот боздошт шудааст. Айни ҳол сабабҳои бо кадом далел ба ин ҷинояти сангин даст задани ӯ тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG