Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ваколати Карзайро тамдид кард


Додгоҳи Олии Афғонистон ваколати раисиҷумҳур Ҳомид Карзайро то интихоботи нави президентӣ тамдид кард. Интихоботи нави раёсатҷумҳурии Афғонистон моҳи август баргузор хоҳад шуд, дар ҳоле, ки ваколати Карзай ҳамчунин сарвари кишвар, рӯзи 21 май хатм мешавад. Тасмими Додгоҳи Олӣ ба баҳсҳо дар маҳофили сиёсии Афғонистон оиди бар дӯши кӣ вогузоштани ваколати раёсатҷумҳур дар ду се моҳи баъд аз хатми мӯҳлати раисиҷумҳури феълӣ поён бахшид. Дар изҳороти Додгоҳи Олӣ гуфта шудааст, ки тасмим дар мавриди тамдиди ваколати Ҳомид Карзай ба хотири таъмини суботи давлат гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG