Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Ироқ ҷангиёни сунниро муҳосира кардаанд


Нируҳои Ироқ ба ҷангиёни суннӣ дар канори шаҳри Бағдод дастур додаанд, ки халъи силоҳ шаванд. Ин дар ҳолест, ки баъд аз боздошти раҳбари онҳо Одил ал-Машҳадонӣ заду хурди шадиде рух додааст. Машҳадонӣ-раҳбари "Шӯрои бедорӣ" рӯзи шанбе гӯё барои фаъолиятҳои террористӣ боздошт шудааст. Ин боздошт сабаби задухурди ҷангиёни суннӣ бо нируҳои Ироқ ва Амрико шуд. Дар даргириҳо се нафар ба қатл расид.

XS
SM
MD
LG