Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Аврупо дар остонаи иҷлоси G20


Лондон, 28-уми марти соли 2009
Лондон, 28-уми марти соли 2009

Дар остонаи нишасти сарони «гурӯҳи 20» дар эътироз ба буҳрони иқтисодӣ даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои гуногуни Аврупо даст ба тазоҳурот заданд.

Дар шаҳри Ландан, пойтахти Бритониёи Кабир, ки қарор аст ин иҷлос дар он баргузор шавад, беш аз 150 гурӯҳи аз иттиҳодияҳои коргарӣ ва созмонҳои маданиву гурӯҳҳои мудофеъи муҳити зист ташкилшуда як тазоҳуротро созмондеҳӣ карда буданд. Мақомҳои пулис мегӯянд, ки дастикам 35 000 нафар дар ин тазоҳурот ширкат карда буданд.

Баргузоркунандагони ин тазоҳурот мегӯянд, ки аз раҳбарони «гурӯҳи 20» мехоҳанд, то барномаи иқтисоқии демокративу шаффоферо барои муқобила бо буҳрони молии ахир ба тасвиб бирасонанд.

Садҳо пулис барои барқарории назму амнияти ин тазоҳурот дар хиёбонҳои марказии Ландан ҳузур доштанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки нишасти G20, ки раҳбарони 20 кишвари пешрафтаву дар ҳоли тавсиъаи ҷаҳон дар он шомиланд, панҷшанбе 2-вуми апрел дар ин шаҳр баргузор мегардад.

Дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, дирӯз, 28-уми март, чунин як тазоҳурот баргузор шуд. Дар роҳпаймоӣ тобути сиёҳе ба унвони «Намоди марги сармоядорӣ» тавассути тазоҳургарон бурда мешуд. Дар поёни ин роҳпаймоӣ задухӯрди ҷузъие миёнимиёни пулис ва ширкаткунандагони тазоҳурот рух дод.

Дар шаҳрҳои Вена, пойтахти Австрия, ва Порис, пойтахти Фаронса, низ тазоҳуротҳои ҳамгуни эътирозӣ баргузор шуданд.

Буҳрони ахири молӣ боиси бекории бисёре аз мардуми кишварҳои Амрикову Аврупо гардид ва акнун шаҳрвандони ин кишварҳо бар сари рӯйкард бо буҳрони ахир ихтилофи назар доранд.

Ин нишасти G20 бо ҳузури сарон ва мақомоти ИМА, Аргентина, Австралия, Бразилия, Канада, Чин, Фаронса, Олмон, Бритониё, Ҳинд, Жопун, Мексика, Арабистони саъудӣ, Русия, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия таҳти раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупо дар Ландан баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG