Пайвандҳои дастрасӣ

Як корманди пулиси Гурҷистон кушта шуд


Бино ба хабари пулиси Гурҷистон, дар натиҷаи бархурди мошини пулис ба бами роҳ ва инфиҷори он як корманди пулис кушта шаш нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса дар минтақаи марзии наздик ба Асетияи Ҷанубӣ рух додааст. Шота Утиашвилӣ-сухангӯи пулис гуфтааст, бами дуввум замоне мунфаҷир шудааст, ки барои расидагӣ ба ҳодиса корманди дигари пулис вориди маҳал шудааст. Баъд аз даргириҳои миёни нируҳои Гурҷистон ва Русия дар минтақаҳои наздик ба Асетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон 11 корманди пулиси Гурҷистон дар чунин ҳодисаҳо ҷон додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG