Пайвандҳои дастрасӣ

3 нафар аз нируҳои афғон дар инфиҷор кушта шуданд


Низомиёни Амрико дар Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи инфиҷори бами роҳ дар вулусволии Гардези вилояти Пактиё рӯзи шанбе се нафар нируҳои кумандуи Афғонистон кушта, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар эъломияи низомиён омадааст, ин ҳодиса ҳангоми гашт задани нируҳо бо мошин дар ин минтақа рух додааст. Шаш нафар дар робита бо ин ҳодиса боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG