Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Дубай як марди чечен кушта шуд


Дар Дубай як марди чечен ҳадафи тир қарор гирифтааст. Доҳӣ Халфон-раиси пулиси Дубай зимни сӯҳбат бо ожонси хабарии WAM гуфтааст, ки ин куштор " ба сӯиқасд шабоҳат дорад". Ин мард бо номи Сулаймон Мадов дар назди хонааш кушта шудааст ва то он замон таҳти назорати пулис қарор доштааст. Дар бораи ин куштор баъзе ҷузъиёт вуҷуд дорад. Хабаргузории Ройтерз менависад, паноҳҷӯёни чечен мегӯянд, ки дар шаш моҳи ахир се чечен ҳадафи сӯқасд қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG