Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори баргузории мулоқоти "тағири иқлим" шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико нақшаи баргузории "маҷмаъи муҳими иқтисодӣ барои энержӣ ва иқлим"-ро эълон кард, то он ба маҳофили байналмиллалӣ барои иҷрои мувофиқатномаи СММ кӯмак кунад. Мувофиқатномаи СММ дар робита бо гармоиши сайораи замин коҳиши газҳои гулхонаиро дар назар дорад. Дар эъломияе Кохи Сафед омадааст, раҳбарони Амрико ва 16 кишвари дигари муҳими иқтисодӣ ба мулоқоти 27-28-ӯми апрели Вошингтон даъват шудаанд, то раҳбарони сиёсиро ба иҷрои ин мувофиқатномаи байналмиллалӣ ташвиқ кунанд. Эъломияи Кохи Сафед дар ҳоле садо дод, ки имрӯз дар шаҳри Бони Олмон намояндагони 190 кишвар пешнависи санадеро дар бораи роҳҳои коҳиши газҳои гулхонаӣ таҳия мекунанд.
XS
SM
MD
LG