Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарон назорати молии ҷаҳонро мехоҳанд


Раҳбарони кишварҳои чапи марказгаро, ба шумули Гордон Браун-нахуствазири Британия ва Луис ИнасиоЛула де Силва-раиси ҷумҳури Бразилия аз кишварҳои муҳими иқтисодии ҷаҳон дархост кардаанд, ки ҳафтаи оянда дар Лондон дар ҷараёни мулоқоти 20 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон, яъне мулоқоти Ҷӣ 20 барои назорати беҳтар бар низоми молии ҷаҳон ба ислоҳот розӣ шаванд. Ҷо Байден -муовини раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқоти Чилӣ гуфт, Амрико барои коҳиши хатари мунтазам дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҳамкориҳои байналмиллалӣ ҳимоят мекунад. Аммо Байден бар зидди танзими беш аз ҳади иқтисоди ҷаҳонӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки бозорҳои ҷаҳонӣ барои фаъолияти озод бояд имкон дошта бошанд:

"Мо набояд беш аз ҳад вокуниш нишон диҳем. Ба назари ман ин интихобе барои бозор ё ҳукуматҳо нест. Бозорҳои озод ҳамоно бояд битавонанд фаъолият кунанд".


Дар ҳоле, ки дар Чилӣ мулоқоти раҳбарон идома дошт, ҳазорон нафар дар Британияву Фаронса ва дар Олмону Италия рӯзи шанбе бар зидди бӯҳрони иқтисодӣ тазоҳуроти эътирозӣ анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG