Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ва ширкати Эрон дар конфронси Афғонистон


Амрико аз ширкати имкондоштаи Эрон дар конфронси байналмиллалии ҳафтаи оянда дар бораи Афғонистон дар Гаагаи Голландия истиқбол кард. Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон гуфт, ширкати Эрон дар ин конфронс "қадаме ба пеш" аст. Вай гуфт, Амрико ва Афғонистон, ки дар давоми тақрибан 30 соли ахир муносиботи расмии дипломатӣ надоранд, барои суботи вазъ дар Афғонистон дорои манофеъи муштарак мебошанд. Денис мак Донаф-муовини мушовири амнияти миллии Барак Обама гуфт, Амрико мехоҳад дар бораи ҷилавгирӣ аз тиҷорати хашхош ва шиносоии тундравҳо дар Афғонистон бо Эрон кор кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG