Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз стратегияи нави Амрико ситоиш кард


Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон имрӯз аз стротегияи нави Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди мубориза бо Ал-Қоъида дар минтақа ба унвони "тағири мусбат" истиқбол кард. Оқои Зардорӣ зимни суханони худ дар порламони кишвараш гуфт, стротегияи нави Обама навъе бозтоби даъвати ҳукумати мо барои рушди иқтисодиву иҷтимоъӣ ва ба маънои мубориза бо тундгароист. Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчунин аз тасвиби 1 миллиарду 500 миллион доллар кумаки солона дар Конгресс барои Покистон ситоиш кард.

XS
SM
MD
LG