Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои Балкан узви Иттиҳодияи Аврупо мешаванд


Рӯзи шанбе вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ дар ҳаволии шаҳри Прага аз узвияти кишварҳои Балкан дар ин созмон ҷонибдорӣ карданд. Карел Шварзенберг-вазири хориҷаи ҷумҳурии Чех, ки ҳоло кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, изҳор дошт, ки Балкан бахше аз Аврупост ва бояд бахше аз Иттиҳодияи Аврупо низ бошад. Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ бо вазирони Албания, Босния, Хорватия, Македония, Монтенегро ва Сербистон масъалаи узвияти онҳоро дар Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG