Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргашти «Девонагӣ. Соли 93» ба саҳна


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон спектакли коргардон Барзу Абдураззоқов «Девонагӣ. Соли 93»-ро барои намоиш иҷозат додааст.

Барзу Абдураззоқов дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дирӯз, 27-уми март, дар вазорати фарҳанг гуфтугӯи ӯ бо вазири фарҳанг ва муовинаш сурат гирифт. Оқои Абдуразоқов, аз ҷумла, гуфт, ки баъд аз баҳсу мунозираҳои тӯлони намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93» ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки намоиши аввали «Девонагӣ, соли 93» рӯзи 17-уми март дар Театри академи драмавии русӣ ба номи Маяковский сурат гирифт, ки дар он мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафирони Русияву кишварҳои Аврупо низ ширкат доштанд. Оқои Абдураззоқов мегӯяд, шахсан сафирони Русия, Олмон ва Инглистон ӯро табрик кардаанд, аммо масъулини вазорати фарҳанг кадом як ҳамгуниҳоеро дидаанд, ки гӯё инқилобӣ будаанд ва ба ҳамин далел ба рӯи саҳна овардани ин намоишномаро манъ карданд.

Хушбахтона, мегӯяд коргардон, билахира, ин мушкил ба хубӣ ҳал шуд ва 29-уми март, он соати 4 дар Театри академи драмавии русии ба номи Маяковский ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ҳамчунин Б. Абдуразоқов дар суҳбати телдефонӣ аз хабарнигорон ва ҳаводоронаш барои дастгирии маънавӣ изҳори сипосгузорӣ кард ва гуфт, ки ин иқдом шоҳиди бедории мардум ва театр шудааст.

«Девонагӣ. Соли 93» асари нави коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдураззоқов аст, ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс «Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат...», рӯи саҳна омадааст. Ҳодисаҳои дар намоишнома тасвиршаванда воқеъаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG