Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Амрико паймони халъи силоҳро таҷдид мекунанд


Кохи Кремли Маскав мегӯяд, Русия ва Амрико метавонанд ҳафтаи оянда дар мулоқоти раҳбарони ҳар ду кишвар дар Лондон дар роҳи таҷдиди муоҳидаи халъи силоҳи худ қадаме ба пеш бардоранд. Ин муоҳида Паймони коҳиши аслиҳаи стротегӣ ном дорад. Сергей Приходко - мушовири аршади Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар сиёсати хориҷа гуфт, Дмитрий Медведев ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи ояда дар мулоқоти 20 кишвари санъатии ҷаҳон дар Лондон дар бораи равобити дуҷониба ва дар бораи зарротхонаҳои ҳастаии худ эъломияи муштарак пахш мекунанд. Баъд аз имзои паймони мазкур дар соли 1991 ин санад боиси ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани зарротхонаҳои ҳастаӣ шуд. Эътибори ин санад моҳи декабри соли ҷорӣ ба поён мерасад. Ба сабаби сардии солҳои ахир дар муносиботи ҷонибҳо музокирот роҷеъ ба таҷдиди ин паймон ба таъхир афтод.
XS
SM
MD
LG