Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА:Хадамоти Покистон бо шӯришиён иртибот доранд


Дарёсолор Майк Муллен-раиси ситоди муштараки артиши Амрико ба телевизиони CNN гуфт, Амрико нишонаҳое дар даст дорад, ки унсурҳое дар нируҳои кашфи Покистон то ҳол аз шӯришиёни Ал-Қоъада ва Толибон ҳимоят мекунанд. Вай зимни суханони худ аз ожонси хадамоти кашфи Покистон хост, ки муносибат бо шӯришиёнро дар марзи ғарбӣ бо Афғонистон ва дар марзи шарқӣ бо Ҳиндустон "ба таври куллӣ" тағир диҳад. Ин суханон баъд аз изҳороти Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба тағири стротегияи Амрико дар мавриди Афғонистон садо дод.
XS
SM
MD
LG