Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл: Медведев ва Обама эъломия пахш мекунанд


Сергей Приходко - мушовири аршади Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, Дмитрий Медведев ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи ояда дар мулоқоти 20 кишвари санъатии ҷаҳон дар Лондон дар бораи равобити дуҷониба ва зарротхонаҳои ҳастаии худ эъломияи муштарак пахш мекунанд. Сергей Приходко -мушовири сиёсати хориҷа гуфт, эъломия ду масъаларо дар бар мегирад, яке масъалаи муносиботи Русияву Амрико ва дигарӣ масъалаи марбут ба аслиҳаи таҳоҷумии стротегӣ. Қарор аст ин ду раиси ҷумҳур 2-юми апрел дар ҳошияи мулоқоти Ҷӣ-20 дар Лондон бо ҳам мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG