Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз нақшаҳои Амрико истиқбол кард


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки вай бо стротегияи бознигаришудаи Амрико дар мавриди Афғонистон ва Покистон комилан мувофиқ аст. Карзай гуфт, "ин дақиқан корест, ки мардуми Афғонистон умедвор аст". Вай ҳамчунин аз пешниҳод дар бораи додани нақши минтақаӣ ба Эрон истиқбол кард. Ҳомид Карзай ин суханонро баъд аз як рӯзи изҳороти Барак Обама-раиси ҷумҳуриАмрико изҳор дошт. Обама дар нишасти хабарие дар Вошингтон нақшаҳои худро дар мавриди ин ду кишвар эълон кард ва гуфт, бояд дар Афғонистон ниҳодҳои ғайринизомӣ ва амниятӣ тақвият ёбад.

XS
SM
MD
LG