Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози маҷаллаи тиббӣ ба Попи Рум


Маҷаллаи бонуфузи тиббӣ Попи Рум Бенедикти XVI-ро дар ихлол ба далелҳои илмӣ айбдор кард. Поп гуфтааст, истифодаи кондом ё лифофа ба паҳншавии ангали HIV ва бемории AIDS ё СПИД сабаб мегардад. Поп дар сафараш ба Африқо дар ҳафтаи гузашта гуфтааст, тақсим крдани лифофа ба мардум сабаби афзоиши мушкили HIV/AIDS мешавад ва беморӣ бояд аз тариқи хештандориву покизагӣ пешгирӣ шавад. Маҷалаи Лансер мегӯяд, чунин изҳорот ва он ҳам аз забони поп оқибатҳои харобиовар дошта метавонанд. Маҷалла аз поп даъват кард, сухани хешро ислоҳ кунад.
XS
SM
MD
LG