Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Барак Обама барои Афғонистон


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз стратегияи деринтизори Амрико дар баробари Афғонистонро эълон кард.

Дар суханроние дар Кохи Сафед, президент Обама гуфт, вазъият дар Афғонистон ба таври афзоянда хатарноктар мешавад ва ҳадафи ҳукумати вай торумор кардан ва шикаст додани Ал-Қоъида дар Афғонистон ва Покистон аст.

Вай гуфт, бояд роҳ дода нашавад, ки ду кишвар ба зери назорати Толибон ё Ал-Қоъида биафтанд. Дар расидагӣ ба вазъи Афғонистон Обама ба фиристодани 4 000 мураббиёни амрикоӣ ба Афғонистон даъват кард. Онҳо бояд сарбозони артиши Афғонистонро омӯзиш диҳанд. Ин бар иловаи 17 000 сарбозест, ки Амрико мехоҳад, то интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар моҳи август ба ин кишвар бифристад.

Дар бобати нақши Амрико дар вазъи дохилии Афғонистон Обама гуфт: "Барои пешрафти амният, имконият ва адолат ва на танҳо дар Кобул, аммо аз поён ба боло, дар вилоятҳо, мо ба мутахассисони кишварзӣ ва мураббиён ниёз дорем, ба муҳандисон ва ҳуқуқшиносон. Ҳамин гуна мо метавонем ба ҳукумати Афғонистон кӯмак кунем, ки ба мардуми худ хидмат кунад ва иқтисодеро рушд диҳад, ки зери бори маволди мухаддир нест. Ва барои ҳамин ман ба афзоиши мутахассисони осоишта дар Афғонистон дастур додам."

Президент Обама ҳамчунин гуфт, имкон надорад, аз фасоду ришват дар Афғонистон, ки сабаби аз байн рафтани эътимоди мардум ба ҳукумат шудааст, чашм пӯшид. Вай хостори назорати қавитар ба кӯмакҳо ва ҷадвали рӯшантари махраҷи онҳо гардид. Вай афзуд, ҳукумат бояд мавриди бовар ва эътимоди мардумаш бошад.

Дар пайванд бо Покистон, Обама гуфт, ҳукумати ин кишвар бояд дар решакан кардани Ал-Қоъида дар дохили марзҳои худ садоқат нишон диҳад. Вай афзуд, аз Конгресси Иёлоти Муттаҳида тасвиби кӯмакҳои наверо талаб хоҳад кард, ки ба эътидоли Покистон мусоидат кунанд. Ин имдод қарор аст, солона аз якуним миллиард доллар иборат гашта, панҷ сол идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG