Пайвандҳои дастрасӣ

Обама стратегияи нав дар Афғонистонро эълон кард


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз стратегияи деринтизори Амрико дар баробари Афғонистонро эълон кард. Дар суханроние дар Кохи Сафед, Обама гуфт, вазъият дар Афғонистон ба таври афзоянда хатарноктар мешавад ва ҳадафи ҳукумати вай торумор кардан ва шикаст додани Ал-Қоъида дар Афғонистон ва Покистон аст. Вай гуфт, бояд роҳ дод нашавад, ки ду кишвар ба зери назорати Толибон ё Ал-Қоъида биафтанд. Дар расидагӣ ба вазъи Афғонистон Обама ба фиристодани 4 000 мураббиёни амрикоӣ ба Афғонистон даъват кард. Онҳо бояд сарбозони артиши Афғонистонро омӯзиш диҳанд. Ин бар иловаи 17 000 сарбозест, ки Амрико мехоҳад, то интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар моҳи август ба ин кишвар бифристад. Дар пайванд бо Покистон, Обама гуфт, ҳукумати ин кишвар бояд дар решакан кардани Ал-Қоъида дар дохили марзҳои худ садоқат нишон диҳад. Вай афзуд, аз Конгресси ИМ тасвиби кӯмакҳои наверо талаб хоҳад кард, ки ба эътидоли Покистон мусоидат кунанд. Ин имдод қарор аст, солона аз якуним миллиард доллар иборат гашта, 5 сол идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG