Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густардаи мухолифин дар Қирғизистон


Дар шаҳри Бишкек якчанд ҳазор нафар раҳпаймоии эътирозӣ карданд
Дар шаҳри Бишкек якчанд ҳазор нафар раҳпаймоии эътирозӣ карданд

Мухолифони ҳукумати Қирғизистон дар ҳамаи вилоятҳои ин кишвар алайҳи президент Қурманбек Боқиев тазоҳуроти густарда баргузор карданд.

Бузургтарини ин намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек ҷараён гирифт. Мухолифон мегӯянд, барои он даст ба тазоҳурот задаанд, ки ҳукумат натавонистааст, ваъдаҳои беҳбуди зиндагии мардумро иҷро кунад. Онҳо ҳамчунин аз тасмими интихоботи зудраси президентӣ норозиянд.

Бо баргузории раҳпаймоиҳои густарда мухолифони Қирғизистон мехоҳанд, дар чанд масъала ба раисҷумҳур Қурманбек Боқиев ва ҳукумати ӯ фишор оваранд. Аз ҷумла ба шароити баргузории интихоботи зудраси президентӣ дар охири моҳи июл. Ин дар ҳолест, ки муносибатҳои миёни ҳукумат ва мухолифони сиёсии он дар моҳи гузашта ба ҳадди охир бад шудааст.

Мирослав Ниёзов, собиқ генерал ва раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, мегӯяд, "агар ҳукумат фикр мекунад, ки метавонад, бо услуби соли 2005 дар интихобот пирӯз шавад, хунрезӣ ба миён хоҳад омад." Ишораи Ниёзов ба соли 2005 ба андозаи баробар ҳам ба ҳукумат дахл дорад ва ҳам ба мухолифон. Раисиҷумҳур Боқиев дар он сол зимни эътирозҳои густарда ва раҳпаймоиҳои шабеҳи имрӯз ва ронда шудани президенти вақт ба қудрат расид. Акнун мухолифон мақсад доранд, он шоҳкори худро такрор кунанд ва ҳукумат талош меварзад, аз чунин таҳаввулот пешгирӣ намояд.

Яке аз раҳбарони мухолифин Омурбек Текебоев ҳангоми суханронӣ дар назди ҳазорон эътирозгар дар Бишкек
Дар Бишкек, дар баробари чанд ҳазор нафар аз намоишгарон, раҳбари ҳизби Ота-Макон, Омурбек Текебоев чунин гуфт: "Мо дар роҳи дурустем. Роҳи ҳизби ҳокими Ақ-Жол ба сӯи лаънатзадагист. Имрӯз ниҳодҳои интизомӣ дар муқобили рақибони сиёсӣ ва иқтисодии худ аз шеваҳои ифлос истифода мекунанд. Дар ин ҷанг аз дурӯғ ҳам истифода мешавад. Имрӯз онҳо пайваста бештару бештар журналистонро латукӯб мекунанд ва онҳоро ба маҳбас меафкананд. Мақомот ҳарчӣ бештару бештар ба мухолифони худ ва хешу наздикони мухолифони худ таҳдид мекунанд. Онҳо ҳатто ба муаллимон, пизишкон, донишҷӯён таҳдид мекунанд. Мухолифони сиёсӣ бе ному нишон гум мешаванд. Мо бояд ба чунин шеваҳои ҷинояткорона хотима гузорме ва барои ин нерӯи кофӣ дорем!."

Ҳамзамон бо тазоҳурот дар Бишкек дар чандин шаҳру рустои дигари Қирғизистон низ намоишҳои эътирозӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар онҳо ба сурати умум якчанд ҳазор нафар аз фаъолони мухолифат ширкат доштанд. Дар онҳо талаб шуд, ки дар марҳилаи омодагӣ ба интихобот раисҷумҳур Қурманбек Боқиев салоҳиятҳои президентии худро канор бигузорад, то имкониятҳои ҳамаи номзадҳо дар интихобот баробар бошад. Дар изҳороти умумии тазҳоркунандагон инчунин ширкати баробари намояндагони ҳукумат ва мухолифон дар кори кумиссиюнҳои интихоботӣ аз поён то боло тақозо шудааст. Талаби дигар ин буд, ки сарони ниҳодҳои қудратӣ барканор ва ба ҷои онҳо намояндагони оппозисиюн ба ин курсиҳо шинонда шаванд. Ва аз созмонҳои байнулмилалӣ хоста мешавад, барои мушоҳидаи ҷараёни интихобот нозирони варзидаро бифиристанд.

Мухолифон мегӯнд, барои он даст ба эътироз задаанд, ки ҳукумат натавонистааст, ваъдаҳои беҳбуди зиндагии мардумро иҷро кунад ...
Омбудсмен, ё масъули ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Турсунбек Акун аз мақомоти давлатӣ тақозо кард, талабҳои мухолифонро ҷиддан баррасӣ ва иҷро кунанд. Вай афзуд, расидагии ҳукумат ба ин талабҳо роҳе ба сӯи мусолиҳа ва мудоро хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар як изҳороти расмӣ мухолифонро танқид кард, ки аз гуфтушунид даст кашида, ба зӯргӯӣ рӯ овардаанд.

Раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоиҳои имрӯза оғози силсилаи тазоҳуроти мухолифон аст, ки қарор аст, то интихоботи президентии 23-юми июл идома кунанд. Мухолифони Қирғизистон мегӯянд, ба интихобот номзади ягонаи худро пешниҳод хоҳанд кард. Бархе аз сарони мухолифин аз президент Қурманбек Боқиев даъват карданд, номзадияшро аз интихоботи президентӣ бозпас гирад.
XS
SM
MD
LG