Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии масъалаҳо марбут ба Афғонистон дар Маскав


Дар Маскав ҳамоиши байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон боз шуд ва дар оғози он вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, кишвараш омодааст, ҳамкории худро бо НАТО густариш диҳад. Вай ҳамчунин гуфт, ҳамоиши Маскав ба ҳамоҳангии беҳтар дар талошҳои байнулмилалии зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон мусоидат кунад. Ҳамоишро Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор кардааст, ки ба он Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд. Дар он ҳамчунин Эрону Туркия, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Паймони Атлантики Шимолӣ ва Иёлоти Муттаҳида низ ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG