Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши масҷид дар Покистон 48 нафар кушта шуданд


Мақомоти покистонӣ мегӯянд, бар асари як таркиши худкушона дар масҷиде дар шимолуғарби ин кишвар камаш 48 нафар кушта шудаанд. Инфиҷор бинои масҷидро дар шаҳраки Ҷамрӯд дар наздикии марз бо Афғонистон ба харобазор табдил додааст. Намояндаи аршади ҳукумати маҳаллии минтақаи Хайбар мегӯяд, зиёда аз 70 нафари дигар захмӣ шуда, эҳтимол меравад, шумори қурбониён ба маротиб бештар аст. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта ин минтақа маҳалли рақобатҳои гурӯҳҳои қавмӣ ва ҳамлаҳои Толибон будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG