Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози намоишҳои эътирозӣ дар Қирғизистон


Мухолифони Қирғизистон дар Бишкек, пойтахти ин кишвар ва чандин шаҳру рустои ин кишвар алайҳи президент Қурманбек Боқиев тазоҳуроти густарда баргузор карданд. Дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар Бишкек, гуфта мешавад, наздик ба 5 ҳазор нафар ширкат кард. Мухолифон мегӯянд, барои он даст ба тазоҳруот задаанд, ки ҳукумат ба раҳбарон ва фаъолони аҳзоби мухолиф таҳдид мекунад, журналистони мустақил мавриди латукӯб ва боздошт қарор мегиранд. Узви порлумони Қирғизистон, Роза Отунбоева гуфт:

"Мо, мухолифон, ба гуфтушунид омодаем, аммо мақомоти давлат одамони моро ба маҳбас меафкананд. Мо намехоҳем, мушкилотро аз тариқи раҳпаймоиҳои эътирозӣ ҳал кунем, аммо ҳукумат бо қабули қонунҳо фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва озодии баёнро маҳдуд мекунанд, журналистонро мезананд. Ба иллати ин мо маҷбурем бо тазоҳурот ба ҳукумат рӯ орем."

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар як изҳороти расмӣ мухолифонро танқид кард, ки аз гуфтушунид даст кашида ба зӯргӯӣ рӯ овардаанд.
XS
SM
MD
LG