Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии субот ва амнияти минтақа дар Душанбе


Амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даврони бӯҳрони молии ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои меҳварии як конфронси илмии байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буд.

Ин конфронс дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо ҳузури сафирони кишварҳои минтақа дар Душанбе баргузор шуд. Дар ҳоле, ки Вячеслав Светличний, кордори сафорати Русия дар Тоҷикистон, коҳиши рушди иқтисод ва истеҳсолот дар ин ҷумҳуриро аз омилҳои нигаронкунанда дар даврони бӯҳрони молӣ хонд, Сайфулло Сафаров - муовини раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди идораи раёсатҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба амнияти милии Тоҷикистон чандон таъсире надорад, ҷуз касри буҷа.

Аммо ба гуфтаи Вячеслав Светличний, кордори сафорати Русия, бӯҳрони молии ҷаҳонӣ то имрӯз ба Тоҷикистон таъсири шадид расонидааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 20 дарсад расидааст, қарзи давлатии Тоҷикистон боло рафтааст ва захоири арзи тилои ин кишвар низ коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин оқои Светличний гуфт, воридоти пули муҳоҷирони корӣ низ ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст. Ба гуфтаи намояндаи сафорати Русия, ба ҳамин далел Русия омодааст ба Тоҷикистон барои берунрафт аз бӯҳрони молӣ ва таъмини амнияти миллӣ кумак кунад.

Вай афзуд, «ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар замони бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар ҳама бахшҳо идома дорад, вале дар авлавияти ин ҳамкориҳо барномаҳои энержӣ қарор дорад. Но вобаста аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ Русия дар Тоҷикистон барномаҳои иқтисодии худро идома медиҳад».

Ҳамчунин Алиасғари Шеърдуст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, низ изҳор дошт, ки Эрон аз тавонмандиҳои худ барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони молиявӣ ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Оқои Шеърдуст афзуд, ки Тоҷикистон дар солҳои ахир бо Эрон равобити иқтисодии ҷиддӣ ба роҳ мондааст.

Ширкаткунандагони конфронс таъкид карданд, ки барои берунрафт аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва таъмини амнияту субот кишварҳои минтақа барномаҳои иқтисодиро бояд дар ҳамкорӣ пиёда кунанд.

Конфронси илмии байнулмилалӣ имрӯз ба кори худ анҷом бахшид ва пешниҳодҳои ироашуда дар ин конфронс дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон вогузошта хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG